image

Баргузории семинар-машварати аъзоёни комиссияи ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2

date_range21.01.2025, 10:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye25

Бо ташаббуси Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Исмоили Сомонӣ №2 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати аъзоёни комиссияи ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2 бо иштироки намояндаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини комиссияи ҳавзавии интихоботии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, масъулини комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Исмоли Сомони №2 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони комиссияи ҳавзавии интихоботии вакилони маҷлиси вакилони халқи ин ноҳияи пойтахт ташкил ва баргузор гардид.

Боиси зикр аст, ки дар асоси Қарори Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2024, №20 Комиссияи ҳавзавии интихоботии якмандатаи Сомони №2 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Айни ҳол комиссия фаъолияти худро пурра ба роҳ монда ҳамаи участкаҳои интихоботиро оид ба баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуд, ки ҳамарӯза фаъолияти худро ба таври муназзам ба роҳ монда истодаанд.

Дар семинар-машварат вобаста ба омода намудани участкаҳои интихоботӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои интихобкунандагон, тартиб додани рӯйхати дурусти интихобкунандагон, омода кардани бино ва қуттиҳои овоздиҳӣ, ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории участкаҳои интихоботӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамкории зич бо васоити ахбори омма ҷиҳати тарғибу ташвиқи интихобот ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"