image

Курси шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи  дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии  касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2025

date_range21.01.2025, 10:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye25

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзонидани таблиғгарони низоми  имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии  таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2025 ва омодасозии онҳо барои сари вақт огоҳ намудани ҷомеаи васеи шаҳрвандон,  бахусус омӯзгорону  хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва  ибтидоию миёнаи касбӣ бо тартиб ва ҷузъиёти ИМД-2025 курси шиносоӣ дар  се caтҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор менамояд. 

Вобаста ба ин дар Муассисаи таълимии таҳсилоти  миёнаи умумии  назди  Сарраёсати маорифи  шаҳри Душанбе курси шиносоӣ бо намояндагони  Сарраёсат, раёсат,  шуъба ва  бахшҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру  ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои  тобеи марказ ва шаҳру ноҳияҳои водии Зарафшони вилояти Суғд доир гардид.

Дар доираи 6 дарси пешбинишуда давоми 2 рӯз дар ду сатҳи  аввал моҳи январ ва дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ дар давоми  моҳи феврал доир ба талаботу коидаҳои муқарраршуда барои  бақайдгирии довталабон ва мавзуъҳои дигари дахлдор гуфтугӯ  сурат мегирад.

Ҳайати кории Марказ дар доираи барнома ва  модули омӯзишӣ барои шарҳу тафсили мавзуҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ,  маърӯзаҳои хурд, маводи тақсимотии чопию электронӣ ва ғайраро  омода намудаанд.

Сатҳи дуюми курси шиносоӣ барои 3816 нафар намояндаи  муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва  ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи 68  шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз 29-ум то 30-юми январи соли 2025 ва  сатҳи сеюми курси шиносоӣ барои зиёда аз 150000 нафар  хатмкунандаи муассисаҳои таълимии зикршуда (дар заминаи синфи  9-ум ва 11-ум) давоми мохи феврал бевосита дар худи муассисаҳои  таълимӣ ба рох монда мешавад. 

Дар анҷоми курси шиносоӣ донишҳои  азхудкардаи иштирокдорони сатҳи аввал вобаста ба мавзуъҳои пешниҳодшудаи барномаи омӯзишӣ аз тариқи тест санҷида  мешавад. 

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"