image

Вохӯрии масъулини ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо хонандагони МТМУ №8

date_range21.01.2025, 11:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye23

Дар асоси нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар муассисаву корхона ва ташкилоту идораҳои ноҳия аз ҷониби сохторҳои дахлдор мунтазам мулоқоту вохӯриҳои маърифатӣ ташкил карда мешавад.

Ин навбат бо иштироки масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомоти ноҳиявӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 вохӯрии судманд ташкил карда шуд. Дар раванди ҳамоиш доир ба тақвияти таълиму тарбияи ҷавонон, пешгирии амалу кирдорҳои ношоиста миёни насли наврас ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии ҷавонон андешаронӣ сурат гирифт.

Инчунин зимни баромад аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки доимо пайи омӯзиш бошанд ва пайваста донишу маҳорати худро баҳри ободиву шукуфоии давлату миллат равона созанд.

Аз иштирокдорони вохурӣ аз ҷумла устодон даъват ба амал оварда шуд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти бештарро ҳис намоянд ва хонандагонро дар самти таҳикими хувияти миллӣ, худшиносиву меҳанпарастӣ ва дӯст доштани ватан тарбия намоянд.

Меҳриниссо Раупова
"ТВ Душанбе"