image

Мулоқоти масъулини Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур

date_range21.01.2025, 11:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye23

Ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, роҳ надодан ба пош хӯрдани оилаҳои ҷавонон ва даст задани ҷавонону ноболиғон ба ҷинояту ҷинояткорӣ давоми чанд рӯз аст, ки аз ҷониби масъулини Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе бо сокинони касбу кори гуногун суҳбату мулоқотҳои судманд ташкил гардида истодаанд.

Дар мулоқоти навбатии масъулини Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе, ки бо сокинони ноҳияи Шоҳмансур доир гардид, ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз шомилшудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, пош хӯрдани оилаҳои ҷавонон, даст задани ҷавонону ноболиғон ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва нигоҳубини майдончаҳои варзишӣ сухан рафт.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали давлатдории хеш зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби экстремизму терроризм, даст задани ноболиғон ба ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир буда, дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохтааст, мубориза бурда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррасро ноил гаштааст.

Ҳамзамон ҳозирин дар идома бобати дуруст истифода бурдани майдончаҳои варзишии назди биноҳои истиқоматӣ сухан гуфтанд.

Қайд гардид, ки дар доираи иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе ва ҳамчун нишони пайравӣ аз ин тадбирҳои ободкорона дар шаҳри Душанбе тайи солҳои охир шумораи зиёди майдончаҳои варзишию солимгардони сохта мавриди истифода дода шуданд, ки имрӯз фаъолият доранд ва дар ин маконҳо ҳамарӯза шумораи зиёди ҷавонону наврасон ба варзиш машғул мебошад. Аз ин лиҳоз аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар нигоҳубини ин маконҳо бе тараф набуда пайваста назоратро ҷихати шикасту рехти майдончаҳо ба роҳ монанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"