image

Баргузории Маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range22.01.2025, 11:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye30

Дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.

Дар кори Маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намояндагон аз Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ноҳяии Исмоилӣ Сомонӣ, раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, гурӯҳҳои таблиғотӣ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия иштирок намуданд.

Дар маҷлис баррасии масъалаҳои гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизб дар соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, тасдиқи Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои нимсолаи якуми соли 2025, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҳизб, тасдиқи қарорҳои Маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар чорабинӣ гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нимсолаи дуюми соли 2024 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. Ҳамзамон намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз намуд, ки даврае, ки гузашт, бо санаҳои муборак ва ҷашну чорабиниҳои муҳим, бахусус 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои аъзою ҷонибдорони ҳизб ва сокинони пуршарафи ноҳияи Исмоили Сомонӣ давраи хотирмон буд.

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ раванди чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотиро вусъат бахшида, дар давраи сипаришуда 1977 мулоқоту вохӯриро оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилу баргузор намуданд.

Дар идома зимни баррасии масъалаи сеюми рӯзнома Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои соли 2025 тасдиқ карда шуд. Дар робита ба масъалаҳои сеюм ва чоруми рӯзнома вобаста ба Пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳавзаҳои интихоботии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Пешбарии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ номзадҳои арзанда аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Дар идома вобаста ба тасдиқи қарорҳои маҷлиси умумии кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҳизб ва қарорҳои Маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"