Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2025 тасдиқ гардид
Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз 2025 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин хусус қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Дар асоси ин тақвим дар рӯзҳои баргузории Иди байналмилалии Наврӯз дар пойтахти мамлакат якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», маросими истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз аз баландтарин мавзеи шаҳри Душанбе, консерти идона бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе — 2025», Фестивали «Таомҳои миллӣ», Фестивали «Бозиҳои варзишии наврӯзӣ», барномаҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои пойтахт бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали дӯстии ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ», Мусобиқаи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» ва Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор карда мешаванд.
Ҳамзамон Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз — 2025 дастраси ширкатҳои сайёҳӣ гардонида шуда, бастаҳои сайёҳӣ таҳия ва ба фурӯш бароварда мешаванд.
Тақвим бо мақсади рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз таҳия ва тасдиқ карда шуд. Ин ҳама иқтидори фарҳангии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо шаҳрҳои бузурги олам ҳамоҳанг намудааст.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ