image

Баргузории мизи гирд дар мавзӯи «Рушди инноватсияи рақамӣ дар ҳошияи Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 

date_range22.01.2025, 11:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye37

Бо ибтикори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба «Рушди инноватсияи рақамӣ дар ҳошияи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва мутахассисон бо мақсади муҳокимаи ҷанбаҳои муҳими сиёсати давлат дар самти рушди технологяҳои рақамӣ ва инноватсияҳои муосир ҳамоиш баргузор гардид.

Чорабиниро директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Хуршед Файзуллозода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи гузариши фарогири марбут ба истифодаи ососҳои иқтисодиёти рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ қарор дошта, баргузории ин мизи гирд бо ҳамин нуқтаи назар ва бо мақсади мутобиқ намудани мавқеи мақомоти гуногуни кишвар барои расидани мақсадҳои дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ироагардида бахшида шуд.

Иштирокчиён низ вобаста ба муҳтавои муқаррароти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо карданд.  Дар доираи чорабинӣ, инчунин нақшаҳои Ҳукумат барои ба роҳ мондани  ислоҳоти қонунгузорӣ, ки барои таъмини рушд ва истифодаи технологияҳои муосир муҳим аст ва инчунин барномаҳои таълимии махсус барои омодасозии  мутахассисони соҳа муҳокима шуданд. 

Мизи гирд ба иштирокчиён имконият фароҳам овард, ки таҷриба ва афкори худро дар мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла рушди барномаҳои таълимии инноватсионӣ ва рақамӣ, таҳкими қонунгузорӣ дар самти рақамикунонӣ ва инноватсия, марҳилаҳои ташаккули тибби инноватсионӣ, таъмини амнияти  бехатарӣ дар низоми рақамии кишвар ва роҳҳои мукаммали амалишавии онҳо мубодила намоянд.

Дар фарҷом муколамаи озод байни иштирокчиён сурат гирифт. 

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"