image

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

date_range22.01.2025, 11:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

22 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҷон бохтан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари сӯхтор дар меҳмонхонаи осоишгоҳи Карталкая дар музофоти Болуи Ҷумҳурии Туркия боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин ҳодисаи фоҷеабор ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, мардуми Туркияи дӯст ва пайвандону наздикони фавтидагон иброз намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».