image

Мулоқот бо сокинони ноҳияи Фирдавсии пойтахт

date_range23.01.2025, 10:41 chat_bubble_outline0 remove_red_eye26

Давоми як моҳ аст, ки тибқи нақшачорабиниҳои МИҲД шаҳри Душанбе бо ибтикори МД “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”- и шаҳри Душанбе вобаста ба масъалаи пешгирӣ аз шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ бо сокинону истиқоматкунадагони чор ноҳияи шаҳри Душанбе мулоқоту вохӯриҳои судманд доир гардида истодааст.

Мулоқоти навбатии масъулини ин сохтор бо сокинони ноҳияи Фирдавсӣ баргузор шуд. Майли ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, ки ҳадафи онҳо танҳо иғвою дасиса аст ва дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба ҳар гуна гуруҳҳо пайваст шуда, ба пайгирии наворҳои даҳшатафкан машғуланд, яке аз масъалаҳои доғи рӯз мебошад. Аз ин рӯ бо сокинони ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар Муассисаи таҳсилоти миёнаии умумии №77 ин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

Гуфта шуд, ки асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад. Аз ин ру ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳо ва роҳандозии барномаҳои гуногун дар ин самт ба пешгирии хурофотпарастию ифротгароӣ замина мегузорад.

Дар идомаи чорабинӣ вобаста ба истифодаи самараноки майдончаҳои варзишӣ ва иншооти дигари ҷамъиятӣ низ миёни масъулин ва сокинон баррасиҳои амиқу судманд сурат гирифт.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"