image

Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони кишвар дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range23.01.2025, 10:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye29

22 январ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо мулоқоти намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар коршиносон бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кормандони дастоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар фаъолони ноҳия баргузор шуд.

Дар мулоқот масъулин вобаста ба нишондодҳои Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар вазъ ва сатҳи иқтисодиву иҷтимоии кишвари дар соли 2024 ба андозаи 8,4 дарсад боло рафтааст.

Маърузачиён зимни мулоқот изҳор доштанд, ки Сарвари давлат зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки дар баробари комёбиҳо имрӯз мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин, вазифаҳо барои ҳаллу фасли онҳо муайян ва мушаххас карда шуданд. Таъкид менамоям, ки бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, қабл аз ҳама, вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар – аъзои Ҳукумат, Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиё, фаъолон ва тамоми мардуми шарифи кишвар мебошад.

Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Валиҷон Шарифзода
ТВ "Душанбе"