Шарҳи Паёми Пешвои миллат дар «Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе»
Бо мақсади дар амал татбиқ гардонидани дастуру роҳнамоиҳои Президенти кишвар, ки зимни Паёми навбатӣ ироа гардиданд аз ҷониби сохтору мақомотҳои гуногун мулоқоту вохӯриҳо доир гашта истодаанд. Ҳамин гуна як мулоқот дар «Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе» бо ташаббуси МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид.
Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, эҳтиром бар арзишҳои миллӣ, саҳмгузорӣ дар раванди корҳои ободониву тозакорӣ ва тақвияти фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи мақсадҳои ташкили чорабинии маърифатӣ дар «Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе» буд, ки бо ибтикори намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ созмон дода шуд.
Дар ин тадбир намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулини сохтору бахшҳои марбутаи ноҳиявӣ ширкати фаъол доштанд ва бо таълимгирандагони ин муассисаи касбӣ мулоқоти судманду созандаро анҷом доданд.
Дар раванди ҳамоиши маърифатӣ масъулони сохторҳои марбутаи ноҳиявӣ баромад намуда, бандҳои Паёмро ба сокинон шарҳ доданд.
Тарғиби фарҳангӣ миллӣ ва маҳкум намудани фарҳанги бегона дар самти либоспӯшии бонувон низ аз ҷумлаи мавзӯҳои баррасишуда дар ин мулоқот буд. Зикр шуд, ки либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ карда, бо тарзи дӯхт, нақшу нигор ва истифодаи он ба кулли тафовут дорад ва як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.
Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ