image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ДОИМИИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range24.01.2025, 14:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye35
Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷиҳати иҷрои банди 12-и Нақшаи кори Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссия баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур муовини Раиси комиссияи доимӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Одилзода Дилбар, котиби Комиссия - мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи доимӣ, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раисони ноҳияҳо ва котибони комиссияҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025, таҳияи Нақшаи кори Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва тасдиқи он барои соли 2025 ва масъалаҳои ҷорӣ.
Муовини Раиси Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Одилзода Дилба ҷаласаро ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан карда, ёдовар шуданд, ки дар соли 2024 Комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он як қатор корҳои самаранокро ба анҷом расониданд. Дар робита ба ин, гузориш оид ба фаъолияти Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2024 шунида шуд.
Дар зимн, ҳамчунин ҳисоботи масъулини комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти комиссияҳои доимии ноҳиявӣ шунида шуд.