БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Имрӯз бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, аъзои кумиҷроия, фаъолону собиқадорон ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Нахуст, ҷаласаро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ҳусни оғоз бахшид.
Ҳозирин пас аз тасдиқи ҳайати раёсат, котибот ва реҷаи кории ҷаласа, тибқи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба тарғибу ташвиқ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 тасдиқ карда шуд.
Аз рӯи масъалаи дуюм, нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои соли 2025 қабул карда шуд.
Тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе тағйирот ворид карда шуд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки имрӯз кулли аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар зери таассуроти амиқ аз ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва бо руҳияи баланди миллӣ ҷиҳати баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ омодагии ҳамаҷониба мегиранд. Соли сипаригардида, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии кишвари ободу озоди мо соли фатҳу кушоишҳо буд. Мардуми соҳибназари мамлакат дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ сохтани нақшаҳои наҷиби бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои арзанда корҳои зиёду босамарро анҷом доданд.
Дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои ниҳоят муҳиму ояндасозро баҳри боз ҳам тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ ва идеологӣ муайян намуда, изҳор доштанд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои додашуда ҳар яки моро ба амалишавии ҳадафи олии Ҳукумати кишвар – ноил гардидан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат наздик ва обрӯю нуфузи давлати биҳиштосои моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд мебардорад.
Таъкид карда шуд, ки соли 2024 дар китоби таърихи халқамон ҳамчун cоли пур аз воқеаҳои наҷиб, рӯйдодҳои таърихӣ ва фаромӯшнашаванда номнавис гардид. Зеро кулли аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар партави сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳияи бузурги давлатдории миллӣ 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Анҷумани 15-уми ҳизб дар сатҳи баланд баргузор гардида, Барномаи нави ҳизб барои солҳои 2025-2030 таҳти шиори “Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон” қабул гардид.
Дар ин замина, ба роҳбарияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дастур дода шуд, ки баҳри тарғибу ташвиқи ҳар як нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа тамоми саъю талоши худро равона сохта, дар татбиқи ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, пеш аз ҳама, таъмини сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум саҳми арзишманд гузорем.
Бо фармони Президенти кишвар аз 4-уми декабри соли 2024 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 2-юми марти соли 2025 таъин гардид. Вобаста ба ин, аъзои кумиҷроия барои дар сатҳи баланд, тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод баргузор намудани ин маъракаи муҳимми сиёсӣ муваззаф карда шуданд.
Ҳамчунин ба роҳбарият ва масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҷиҳати ҷалби босифати аъзо ба сафи ҳизб, таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни муҳимму таърихӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, зикр дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш бо иқдомҳои шоиста ва барномаҳои созандааш дар байни мардум беш аз пеш обрӯ ва нуфуз пайдо карда истодааст ва ҳадафи аслии ҳизб ҳам амалӣ сохтани ормонҳои мардуми мо мебошад. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буда, мактаби бузурги худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ташаккулёбӣ ва роҳнамои мардум ба рушди босуботи мамлакат мебошад. Гуфта шуд, дар шаҳр Душанбе ҳамаҷониба ба интихобот ва фаъолияти босамари Ситод татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб ва омодагии ҷиддӣ дидан ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи сиёсии интихоботи вакилон ба аъзои Кумитаи иҷроия тавсияҳои муфид доданд .
Сипас, масъалаи чоруми рӯзнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иттилоъ дода шуд, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2025 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Иброҳим иҷрокунандаи Раиси шаҳри Норак интихоб гардиданд.
Дар робита ба ин, бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи талаботи банди 4.19 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, банди 19 Низомнома «Дар бораи интихоби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» номзадии Шоҳиён Абдураҳим ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд.
Бо ҷонибдории аъзои кумиҷроия Шоҳиён Абдураҳим раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе интихоб гардид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ