image

Дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал» 88 ҳазору 92 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд

date_range27.01.2025, 10:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye46

Бо инобати амалишавии барномаҳои соҳавӣ ва бо мақсади таъмини беҳдошти муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва дар ин замина коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳит дар ҳудуди шаҳри Душанбе пайваста маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил карда мешавад.

Роҳбарият ва кормандони Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сохторҳои он низ дар ин замина мунтазам саҳмгузорӣ менамоянд. Ин навбат низ дар минтақаи вобастагардидаи Раёсат бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва кормандони соҳаи фарҳанг маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил шуд.

Дар доираи дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ба шаҳри «сабз» табдил додани пойтахт тибқи нақшаи тасдиқшуда дар ҳудуди Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал»-и шаҳри Душанбе ба миқдори 88 ҳазору 92 бех ниҳолҳои ороишии санавбар, сарвиноз, шулаш (гулафшон) ва қарағоҷ шинонида мешавад, ки аз ин шумора 1133 бехи он ба Раёсати фарҳанг вобаста гардида буд, ки он марҳала ба марҳала шинонида шуд ва имрӯз нақша пурра ба иҷро расид.

Тавре Президенти Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, «мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем». Раванди корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар шаҳри Душанбе  зери назари мутахассисони соҳа қарор дошта, тибқи пешниҳоди онҳо шинонидани дарахту буттаҳои навъи ҷалғӯза, чинор, санавбар, заранг, булут, арча, сарвиноз, шоҳбулут, сарв, олу, себ ва ёс амалӣ мегардад.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"