Кормандони Муассисаи давлатии "Равшании Душанбешаҳр" дар маъракаи ниҳолшинонӣ 2280 бех арча шинониданд
Ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри кабудизоркунӣ ва шинонидани ниҳолу дарахтон, ки барои нигоҳдориву беҳтар намудани тозагии ҳифзи муҳити зист равона мегардад чораҳои зарурӣ андешада мешавад.
Бо ин мақсад бо иштикори муовини Раиси шаҳри Душанбе Холмаҳмадзода Сорбон ва масъулини Муассисаи давлатии "Равшании Душанбешаҳр" дар талу теппаҳои Муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и МИҲД шаҳри Душанбе бо иштироки васеи кормандони муассисаи мазкур 2280 бех арча шинониданд.
Зимни ироаи Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъулини сохтору мақомоти марбута дастур доданд, ки ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва ҳифзи табиатро суръат бахшанд.
Баъди дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат ва шаҳрдорӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт масъулини муассиса "Равшании Душанбешаҳр" бо тавсяи мутахассисон дар ин қитъа ниҳолҳои сояафкану ҳамешасабз шинониданд. Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа чунин тадбир баҳри баланд бардоштани маърифати экологии атрофиёну кормандон низ замина мегузорад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ