Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Бо ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ ва ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур ва ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд. Сада низ ба монанди Наврӯзу Меҳргон яке аз идҳоест, ки бо шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти мамлакат дубора эҳё гардид ва инак чанд сол боз дар саросари кишвар бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Аз ин ҷашни бостонӣ омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ ба таври шоиста истиқбол гирифтанд.
Дар саҳни ин муассисаи таълимӣ намояндагони факултетҳои Донишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизову маҳсулоти нониро ба намоиш гузошта буданд, ки ҳайати ҳакамон зимни ҷамъомад ба омодагии донишҷӯён нисбат ба ин ҷашни аҷдоди баҳогузорӣ мекарданд.
Зимни ҷамъомад масъулини Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сухан карда, Садаро куҳантарин ҷашни мардуми ориёитабор ва ё куҳантарин ҷашни ҷаҳон унвон намуданд.
Чорабинии фарҳангиро таронаҳои дилнишин ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ аз ҷониби санъаткорони шинохтаи кишвар шаҳомати дигар бахшид.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ