image

Дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид

date_range27.01.2025, 11:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye45

Дар нишасти матбуотӣ Раиси Кумита, мудири бахши иттилооти раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Кумита, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумита, директорони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, роҳбарони сохторҳо ва беш аз 30 нафар рӯзноманигор иштирок доштанд.

Дар раванди нишасти матуботии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба беҳтар намудани сифати барномаҳои телевизионӣ, бештар намудани намоишҳои ҳаҷвӣ ва ба такмили ихтисос фаро гирифтани кормандон дар хориҷи кишвар саволҳо аз ҷониби хабарнигорон пешниҳод шуд. Соли 2024 шаш корманди телевизион ва радиои Тоҷикистон барои такмили ихтисос дар Ҷумҳурии Туркия ба омӯзиш фаро гирифта шуд.

Ҳамзамон раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидзода гуфт, ки дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» соли 2024 428 корманди шабакаҳои телевизион, радио, нашрияҳои даврӣ, котибони матбуоти вазорату идораҳо ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Дар идома иттило дода шуд, ки ҳамчунин соли 2024 Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дар самтҳои продюссерӣ, дизайни барномаҳо, сенариянависӣ, ороишгарӣ, маҳорати суханварӣ, наворбардорӣ, рушди мултимедия, коргардонӣ, забономӯзӣ ва дигар равияҳои марбут ба соҳаи телевизион, радио ва матбуот бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ 20 машғулияти омӯзишӣ баргузор намуд.

Гуфта шуд ки соли 2024 кумита бо сохторҳои марбути Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Дар ин давра вобаста ба масъалаҳои рушди ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла дар бахшҳои такмили ихтисоси кормандон, таҳияи филмҳои аниматсионӣ бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар Тоҷикистон, Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Шурои роҳбарони ташкилоти давлатӣ ва ҷамъиятии телевизион ва радиои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"