image

Баргузории маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Майрам Турсунова дар Китобхонаи миллӣ

date_range28.01.2025, 11:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye43

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» бо ташаббуси шуъбаи алабиёт доир ба фарҳaнг ва ҳунар рӯнамони китоби «Чеҳраи ҳунар», ки ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Майрам Турсунова бахшида шудааст, баргузор гардид. 

Маҳфили эҷодии Ҳунрпешаи Халқии Тоҷикистон Майрам Турсунова бо иштироки аҳли ҳунар ва дӯстдорони театру синамо бо баргузории чорабинии рангини фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ масъулини «Китобхонаи милли»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, саҳми ин бонуи ҳунарро дар рушди театри точик муассир арзёбӣ намуданд. 

Ҳамзамон намояндагони Вазорати фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, Театри давлатии Ҷавонони ба номи М.Воҳидов, Донишкадаи давлатии фарханг ва санъати Точикистон ба номи М.Турсунзода, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Майрам Турсунова, зодаи ноҳияи Шаҳринав, хатмкардаи шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Аз даврони донишҷӯйӣ то инҷониб дар театри давлатии академӣ-драмавии ба Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият дорад. Ӯ аз устодони бузурги театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, Майрам Исоева, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Маҳмудҷон Воҳидов, Азиза Азимова, Бурҳон Раҷабов ва дигарон ҳунари актёриро омӯхтааст. 

Дар тӯли фаъолияти худ Майрам Турсунова дар беш аз 100 намоиши театрӣ нақш бозидааст. Нақшҳои офаридаи ӯ хеле самимиву таъсирбахш баромада, сазовори таваҷҷуҳи тамошобинон гардидааст.

Қисмати фароғатии чорабиниро хунарнамоии санъаткорони "Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Шаҳринав ҳусну таровати дигар бахшид. 

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"