image

Дар Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ҳамоиши васеъ доир гардид

date_range30.01.2025, 11:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye1 076

Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк, инчунин олимону донишмандон ва сиёсатшиносон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиши васеъ доир гашт.

Дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ дар соли 2024 натиҷагирӣ ва ҷиҳати фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ карда шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс зимни баромади худ афзуд, ки тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Дар робита ба ин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки истифодаи технологияҳои муосири рақамиро вусъат дода, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдиро дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин намоянд.

Дар идомаи ҷаласа ширкатдорони дигари чорабинӣ, аз ҷумла олимону донишмандон ва сиёсатшиносон оид ба нуктаҳои муҳимми Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури раҳнамоест, ки моро ба фаъолияти пурсамар даъват мекунад ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда ба пешрафти кишвар дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат, мусоидат менамояд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"