
Дар бозии “Истиқлол” ва “Вахш” дӯстӣ ғалаба намуд
28-уми январ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаҳои “Истиқлол” ва “Вахш” бозии дӯстона анҷом доданд. Вохӯрии дастаҳо бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.
Аз ҳайати дастаи “Истиқлол” дар дақиқаи 37-ум Алишер Ҷалилов муаллифи гол гардид.Аз дастаи “Вахш” дар дақиқаи 51-уми бозӣ Саидшо Бозоров ҳисобро баробар намуд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол, дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои анҷом додани ҷамъомади таълимию омӯзишӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафар мекунад.
Дар давраи омодагӣ, тими пойтахт бо дастаҳои хориҷӣ се бозии назоратӣ баргузор менамояд. Аввалин вохӯрии санҷишии худро «Истиқлол» рӯзи 14-уми феврал бо дастаи «Урарту»-и Арманистон баргузор менамояд. 17-уми феврал, «Истиқлол» бо дастаи «Динамо»-и Самарқанд нерӯ месанҷад. Намояндаи Лигаи бартари Россия тими «Ростов» сеюмин рақиби қаҳрамони Тоҷикистон мешавад. Ин дидор рӯзи 21-уми феврал баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, ки ҷамъомади тамринии «Истиқлол» дар АМА аз 11-ум то 24-уми феврал идома меёбад.
Дастаи “Вахш”-и шаҳри Бохтар дар шаҳри Душанбе тамринҳои пеш аз мавсимро ҳоло доир карда истодааст.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ