image

Мулоқоти гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо хонандагони МТМУ №28

date_range30.01.2025, 11:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye76

Гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин навбат дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсӣ бо хонандагони синфҳои болои ин муассисаи таълими ва падару модари онҳо мулоқот доир намуданд.

Зимни мулоқоти гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бандҳои Паёми Президенти кишвар ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 декабри соли 2025 ироа гардид, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Зимни вохӯрӣ ҳозирин мақсадҳои асосии вохӯрию мулоқотҳои навбатиро бобати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунбарор, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030», «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Чумхурии Точикистон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025», «Дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», маънидод карданд.

Ҳамзамон дар идома ҳозирин доир ба вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, эълон гардидани солҳои 2025-2030 "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, инчунин мубориза ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ изҳори андеша намуданд.

Дар идома ҳозирин бобати дигар паҳлуҳои мавзӯҳои болозикр ба иштирокдорон маърӯза карданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"