
Ярмаркаҳои доимамалкунандаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар назди бозорҳои пойтахт
Бо мақсади таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти босифат ва бо нархҳои дастрас, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тадбирҳои назаррас роҳандозӣ карда мешаванд. Аз зумраи чунин тадбирҳо фаъолияти ярмаркаҳои доимамалкунандаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ба шумор меравад.
Ярмарка фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар назди ҶСП «Бозори Меҳргон» чанд муддат аст, ки фаъолият намуда ҳамарӯза шумораи зиёди сокинони пойтахт аз он маҳсулоти ниёзи худро харидорӣ менамоянд. Бо мақсади таъмин намудани ярмарка бо маҳсулот, дар ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба истеҳсол, харид захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе ҳамарӯза миқдори зарурии маҳсулот ба ярмарка ворид карда мешавад. Ҳамчунин дар назди Бозори Меҳргон нуқтаҳои фурӯши гӯшт бо нархҳои дастрас ташкил гардида, як килограм гӯшти гов аз 60 то 70 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар назди Бозори Меҳргон дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати таъмин намудани сокинон бо маҳсулоти хушсифати ниёзи аввалия бо нархҳои дастрас роҳандозӣ гардидааст.
Ярмаркаи доимамалкунандаи назди бозор бо мақсади танзим намудани нархи маҳсулоти ниёзи мардум ба роҳ монда шуда, дар фароҳам овардани рақобати солим ва нигоҳ доштани болоравии нархи маҳсулот мусоидат мекунад.
Дар доираи татбирҳои иҷтимоии шаҳрдорӣ ва таъмини сокинон бо маҳсулоти кишоварзию агросанотӣ тайи чанд муддат мешавад, ки дар назди КВД «Бозори Саховат» ярмаркаи молу маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ доир гардида истодааст. Маҳсулоти озуқа аз қабили гӯшти чорво, орду равған, пиёзу картошка, шакару биринҷ ва дигар анвои гуногуни дастранҷи деҳқонон бо нархҳои арзонтар нисбат ба бозори истеъмолӣ пешкаши харидорон гардонида шуд.
Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори деҳқон” ки аз таъминкунандаи асосии сокинони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хурока аст, имрӯз бо риояи талаботи мавҷуда фаъолият дорад. Дар бозори мазкур маҳсулотҳои гуногуни кишоварзӣ аз қабили картошкаву пиёз, тухм, караму сабзӣ ва навъҳои дигари полезиҳо бо нархҳои дастрас пешниҳоди харидорон гардонида шудааст. Дар ҳама гушаву канори ин бозор фаъолият мутобиқ ба риояи қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монда шуда, соҳибкорон бо сару либоси ягонаи корӣ фаъолиятро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин дар бозори мазкур хариду фурӯш ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шудааст.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ