image

Таҷлили ҷашни Сада дар Литсейи дӯзандагии шаҳри Душанбе

date_range30.01.2025, 12:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye879

Дар доираи таҷлил аз Ҷашни Сада дар Литсейи дӯзандагии шаҳри Душанбеи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии зебои фарҳанги бо баргузории намоиши молу ааҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва ҳунармандӣ баргузор гардид, ки ҳадафи ин эҳёи ҳунару оинҳои ниёгони миллати тоҷик мебошад.

Устодону таълимгирандагонии Литсейи дӯзандагии шаҳри Душанбеи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз иди Сада хубу хотирмон истиқбол гирифтанд.

Дар даромадгоҳи ин муассисаи таълимӣ намояндагони факулелтетҳои литсей намунаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизову маҳсулоти нониро ба намош гузошта буданд, ки ҳозирин зимни ҷамъомад аз онҳо дидан карда ба омодагии хонандагони ин муассисаи таълими нисбат ба ин ҷашни аҷдодӣ баҳои баланд доданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур ҳозирин ба сухан баромада зикр намуданд, ки сиёсати созанда ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моро дар роҳи шинохти арзишҳои  миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги кишварамон роҳнамоӣ месозад, ҳар як фарзанди бонангу номуси миллатро водор менамояд, ки дар роҳи дубора эҳё намудани суннатҳо ва расму оинҳои мардумӣ ва ҷашну санаҳои таърихии миллат кӯшиш намояд.

Хонандагони ин муассиса бо баргузории чорабинии зебои фарҳангӣ ва намоиши сару либосҳои миллӣ хотири хамагонро шод намуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"