Мулоқоти аъзои гурӯҳи якуми корӣ бо кормандони соҳаи роҳ ва сохтмон баргузор шуд
Бо мақсади омӯзиши самараноки паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи он миёни кишрҳои ҷомеа, ки мутобиқи банди 1-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2025, тасдиқ шудааст, Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст. Дар ин замина Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзехи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба амалисозии он тасдиқ гардидааст.
Мулоқоти нахустин дар толори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи сохтмон ва роҳ баргузор гардид.
Ширкатдорон зимни баромади худ афзуданд, ки дар роҳи давлатсозӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар умум ҳама паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба сифати ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ баромад намуда, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус ҷавононро ҳамчун нерӯи пешбаранда водор менамоянд, ки рисолати шаҳрвандиашонро дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ адо намоянд.
Зеро Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз замири сокинони мамлакат маншаъ гирифта, шаҳрвандонро ба бунёдкорию созандагӣ ташвиқ менамояд. Тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, хушбахтона, бо сарҷамъию муттаҳидӣ ва созандагию бунёдкорӣ соли 2024 соли таърихӣ барои мардуми шарифи мамлакат маънидод мегардад. Зеро бо татбиқи қонунҳои миллӣ-давлатӣ ва маданияти баланди ахлоқию фарҳангӣ ва саъю талошҳои пурсамари шаҳрвандон мо тавонистем дар ҳама самтҳо ва бахшҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.
Дар идома бандҳои Паём ба ширкатдорон шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Меҳринисо Рауфова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ