Оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат бо сокинону фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ мулоқот баргузор шуд
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои фаъолияти гуруҳҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ин навбат бо сокинону фаъолони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мулоқот баргузор шуд.
Дар мулоқоти навбатӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зикр намуд, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паём сухани самимии Пешвои миллат барои хар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рӯшди давлатдории тоҷикон мебошад. Гуфта шуд, ки Паёми имсолаи Президенти кишвар чун ҳамешагӣ моҳияти созандагӣ ва барномавӣ дошта, ифодакунандаи рушди устувори кишвар мебошад.
Дар идома масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз аз фаъолону сокинони ноҳия даъват ба амал оварданд, ки дар ободонии шаҳраку маҳаллаҳои хеш саҳмгузор бошанд ва баҳри сарсабзу хурамгардонии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ба шинонидани дарахту ниҳолони ҳамешасабзу ороиши ҳисаи арзандаи худро гузоранд.
Дар идома масъалаҳои дигари дар Паём баён шуда низ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки фаъолон ва сокинони ноҳияи Фирдавсӣ барои татбиқи ҳамаҷонибаи нишондодҳои Паём саҳми худро мегузоранд.
Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ