Мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ бо кормандони соҳаи кишоварзии ноҳияи Сино
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дастовардҳои 33 соли соҳибистиқлолӣ мулоқоти гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи кишоварзии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир шуд.
Дар вохӯрии навбатӣ намояндагони Раёсати кишоварзӣ, Раёсати кор бо занон ва оила, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Ҳамчунин дар вохӯрӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, рохбарони сохторхои нохияви ва собикадорони фаъоли нохия, кормандони сохаи кишоварзӣ иштирок доранд.
Тавре, ки гуфта шуд, Паёми Президенти мамлакат дурнамои рушди босуботи кишвар ва рохнамои хаёту фаьолияти хар як фарди чомеа мебошад. Нуктаҳои асосии паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масьалаҳои сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва ҷавонон дар бар мегирад.
Гуфта шуд, ки тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар мусоидат карда истодаанд.
Маърӯзачиён изҳор доштанд, ки сарвари давлат зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки бо вуҷуди ин, моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем.
Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Паём қайд намуданд, ки бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда масъалаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин, нигаҳдориву афзоиш додани содироти он ба хориҷи кишвар ҳаллу фасл карда шаванд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ