
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ”

Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе - Одилзода Дилбар, муовини Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” – Сафарзода Рукмина, сарходими илмӣ, профессори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мавлоназаров Салмон, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе – Маҳмашарифзода Дилрабо, муовини сардори Раёсати рушди инноватсия ва дастгирии тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмию техникии Агентии инноватсия ва технологиҳояҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қурбонова Робия, сардори шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе – Ҷабборов Зуҳайл, ҳамзамон воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомот, сохторхои шаҳрӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, вакилони шаҳриву ноҳиявӣ, сохторҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фаъолзанони пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд. Бо дарки муҳиммияти мавзӯъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паём, солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид.
Инчунин, аз ҷониби маърӯзачиён қайд гардид, ки имрӯз Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмини шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва татбиқи саривақтии ташаббуси мазкур имкон медиҳад, ки дар панҷсолаи минбаъда ба раванди мазкур вусъат бахшида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ такмил ёбад ва санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ қабулу амалӣ шаванд.
Ҳамзамон, маврид ба зикр аст, ки иқтисоди рақамӣ ҳамчун модели нави иқтисодӣ ҷиҳати ташаккул ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ-молиявӣ мавриди омӯзиш ва инкишоф қарор гирифта, дар ин самт санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳо аз ҷумла, дар мамлакат «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ворид гардида, мавриди амал қарор доранд, ки дар ин замина барномаву стратегияҳои болозикр бо қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ, мавриди амал ва иҷроиш қарор доранд.
Дар ин замина, меҳмонон таъкид доштанд, ки технологияҳои рақамӣ дар ташаккули низоми бонкӣ, гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи муносибатҳои иқтисодӣ тариқи технологияҳои инноватсионӣ нақши бонкҳоро дар иқтисодиёт боз ҳам боло мебарад. Зеро ҳисоббаробаркуниҳо миёни субъектони хоҷагидорӣ ба воситаи ташкилотҳои қарзӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ гардида, раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро суръат мебахшад. Ба рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия омода намудани заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа, рушди инфрасохтори технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ, рақамигардонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва худомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, ҷорисозии зеҳни сунъӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ мусоидат менамояд.
Дар поёни конференсияи илмӣ-назариявӣ музокира сурат гирифта, фаъолзанони пойтахт фикру андеша, саволу пешниҳод ва изҳори қаноатмандӣ аз дастгирии мақоми занон дар ҷомеа, шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва фазои осоиштаи кишвар намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ