image

ПАЁМ РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ МИЛЛАТ!!!

date_range06.02.2025, 10:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye69
Дар доираи нақшаи баргузории мулоқоти гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар толори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе вохӯрии масъулин зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода бо аҳли фарҳанг доир гардид.
Дар вохӯрӣ дарҷ гардид, ки шиносномаи ҳар як халқу миллат фарҳангу урфу одатҳояш аст ва дар миқёси ҷаҳон низ ҳар як халқият аз рӯи фарҳангаш шинохта мешавад. Аз ҳамин лиҳоз фарҳангро ҳастии миллат, пояи давлат ва ҷавҳари ҳастию пойдорӣ ном мебаранд, гуфта шуд дар оғози чорабинӣ.
Зикр гардид, ки аҷдодону гузаштагони мо тоҷикон ҳануз аз замонҳои қадим фарҳанги бою ғании худро, ки аз гузаштагонашон ба худ мерос гирифта буданд ва бо он фахр доштанд, бо воситаи иншо намудани асарҳои пурмуҳтавою пурмазмуну мантиқии худ миёни мардум ин фарҳанги бостонихудро муаррифӣ намудаанд, ки то ҳол инганҷинаҳои он нобиғагон дастраси омма, ба хусус, дастраси дӯстдорони илму фарҳанг қарор доранд, мутолиакунандагон аз мутолиаи осори пурғановатиин бузургон ба пуррагӣ аз фарҳанги мо тоҷиконвоқиф мешаванд.
Масъулин зикр намуданд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон ба Парлумони кишвар иброз доштанд, ки тайи 33 соли истиқлоли давлатӣ даркишвар 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳоба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.