image

Мулоқоти гурӯҳи кории МИҲД шаҳри Душанбе бо фаъолон ва сокинону истиқоматкунандагони ноҳияи Шоҳмансур

date_range07.02.2025, 10:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye142

Дар идомаи вохӯриву мулоқотҳои судманд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷоми олии қонунбарор ин навбат аъзои гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори МТМУ №100 бо фаъолон ва сокинону истиқоматкунандагони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мулоқот доир намуданд.

Зимни мулоқоти гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо фаъолон ва сокинону истиқоматкунандагони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, бандҳои Паёми Президенти кишвар ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуд.

Зимни суханронии худ муовини Раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмуҳаммадзода иброз дошт, ки Паём бо таҳлилиҳои дақиқи авзои ҷомеаи муосир ва натиҷагирӣ аз дастовардҳои кишвар дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ роҳнамои мушаххас ба ҳар як сокинони худогоҳ аст.

Ҳамзамон дар мулоқот ба бахши иҷтимоӣ, бахусус риояи маданияти шаҳрнишинӣ аз ҷониби сокинони пойтахт таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Тавре таъкид шуд, дар як марҳилае, ки роҳбарияти олии мамлакат, кӯшишу талошҳои зиёдеро баҳри ба кишвари сайёҳӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба кишвар равона карда истодаанд, шаҳри Душанбе ҳамчун дарвозаи кишвар аз аввалин маконҳо барои қабули сайёҳон хоҳад буд. Бешубҳа баробари ворид гардидан ба пойтахт ва гашту гузор дар кӯчаву хиёбонҳои он, меҳмонону сайёҳон аввалин таассуротро роҷеъ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарҳангу маданияти тоҷикон мебардоранду ба он баҳогузорӣ мекунанд. Аз ин лиҳоз ҳам ҳар як сокини пойтахтро зарур аст, бо маданияти баланди шаҳрнишинӣ ва муносибати некбинона нисбат ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ, соҳиби фарҳанги воло будани хешро, собит созад.

Ҳамчунин доир ба пешрафту шукуфон гардидани кишвари маҳбубамон ва пойтахти он шаҳри Душанбе сухан рафт. Дар ин росто гуфта шуд, ки бунёди боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзиши таъмиру азнавсозии роҳҳо дар пойтахт ин муҳайё намудани шароити сокинону меҳмонон ба зиндагии шоиста мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе анҷом дода шудаанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"