
Мулоқоти гурӯҳи корӣ бо масъулини шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД шаҳри Душанбе
Дар доираи нақшачорабиниҳои МИҲД шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 уми декабри соли 2024 Мулоқоти гурӯҳҳои корӣ доир гардида истодааст. Чунин як мулоқот ин навбат бо масъулини шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа баргузор гардид.
Дар мулоқоти навбатӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷаншу маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, эмомхатибони масҷидҳои ҷоме ва панҷвақта ва ходимони дини пойтахт, иштирок доштанд. Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба манфиати ҷомеа аст, гуфта шуд зимни суханронӣ.
Масъулин бо ишора ба Паём қайд намуданд, ки “мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорем”.
Дар идома гуфта шуд, ки Пешвои миллат дар паёми имсолаашон ба Парлумони кишвар иброз доштанд, ки “Бовар дорам, ки сокинони кишвар дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.
Мавзӯҳои асосии мулоқоти имрӯза ин пешгирии исрофкорӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободкорӣ, фарҳанги ба бар намудани либоси миллӣ ва дигар мавзуҳои муҳими рӯз иборат буд.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ