image

БАРГУЗОРИИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТИИ НОҲИЯҲОИ ШОҲМАНСУР ВА ФИРДАВСИИ ПОЙТАХТ

date_range07.02.2025, 12:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye130
6 феврал дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли сипаригардида нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони Васоити ахбори омма баргузор гардид.
Сароғоз, Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомот, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифиву инъикоси дастовардҳои иҷтимоию иқдисодӣ дар соли 2024 ба кулли рӯзноманигорон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, доир ба муҳимтарин нишондиҳандаҳои ноҳия дар соли 2024 ба таври муфассалу возеҳ баромад ва ба саволҳои пешниҳоднамудаи рӯзноманигорон ҷавобҳои саҳеҳу қаноатманд пешниҳод намуданд.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки сокинони фарҳангдӯсти ноҳияи Шоҳмансур сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, баҳри иҷрои ҳадафҳои пешгирифта дар самти ободонию созандагии диёри биҳиштосоямон содиқона саъю талош хоҳанд намуд.
Давоми рӯз ҳамчунин дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ низ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли сипаригардида нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишаст иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилшод Сафарзода қайд намуд, ки соли 2024 дар раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ роҳи автомобилгарди маҳаллаҳои Чимтеппа, Дарёобод ва Сарикиштӣ, ки 50 соли охир аз таъмир бароварда нашуда буд, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ бо дарозии 4,6 км ва паҳноии 8 метр пурра таъмиру навсозӣ гардида, бо сифати баланд асфалтпӯш карда шуд. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Дилшод Сафарзода.
Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сохтмони 109 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар охир намояндагони васоити ахбори омма ба саволҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.