
Вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бо намояндагони ВАО
Бо мақсади дар амал татбиқ гардонидани дастуру роҳнамоиҳои Президенти кишвар, ки зимни паёми навбатӣ ироа гардиданд аз ҷониби сохторҳои гуногуни шаҳри Душанбе миёни сокинон ва кормандони касбу кори гуногун мулоқоту вохӯриҳо доир гашта истодаанд. Ҳамин гуна як мулоқот бо намояндагони ВАО дар МИҲД ноҳияи Шоҳмансур доир шуд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад, гуфта шуд, зимни мулоқоти роҳбарияти МИҲД шаҳри Душанбе ва намояндагони сохторҳои гуногуни шаҳри бо кормандони воситаҳои ахбори оммаи пойтахт.
Дилбар Одилзода муовини Раиси шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аҳамияти калон дорад. Он ҳуҷҷати стратегӣ мебошад, ки афзалияти рушди ҷумҳуриро муайян месозад ва тавсияҳои муҳимро барои иҷрои ин вазифаҳо пешниҳод менамояд. Паём ба таҳкими эътимоди миллат ба Сарвари давлат, беҳтар намудани иртибот байни мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ ва мусоидат ба эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Бо иқтибос аз Паёми гуфта шуд, ки танҳо дар се соли охир дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ 167 иншооти фарҳангу фароғат бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохтмон ва барқарорсозии 14 муассисаи соҳаи фарҳанг идома дорад. Аз ҷумла сохтмони бинои Вазорати фарҳанг ва Театри миллӣ дар пойтахти мамлакат босуръат идома дорад ва нақша аст, ки онҳо дар рӯзҳои ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Ширкатдорон дар идомаи дар муборизаҳои иттилоотӣ саҳми кормандони ВАО-ро бориз арзёбӣ намуда, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмонро дар рушди ин соҳа бо таъсиси шабакаҳои зиёди телевизиониву радоӣ махсус таъкид намуданд.
Тавре гуфта шуд, таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои гуногуни ҷомеа қарор гирифтааст. Тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ, риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ аз ҷумлаи мавзуҳои дигаре буданд, ки дар идомаи мулоқоти намояндагони сохторҳои шаҳри Душанбе бо намояндагони ВАО баррасӣ шуданд.
Аз ширкатдорон даъват гардид, ки дар ин самту соҳаҳо бештар фаъол бошанд ва таҳлилу баррасии онҳоро тавассути барномаву намоишҳои телевизионӣ ва радиоӣ роҳандозӣ намоянд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ