
Мулоқоти вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат бо кормандони соҳаи кишоварзии ноҳияи Фирдавсӣ
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дастовардҳои 33 соли соҳибистиқлолӣ мулоқоти гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи кишоварзии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душнабе доир карда шуд.
Дар вохӯрии навбатӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам намояндагони Раёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, рохбарони сохторҳои ноҳияви ва собиқадорони фаъоли ноҳия, кормандони соҳаи кишоварзӣ иштирок доштанд.
Тавре, ки гуфта шуд, Паёми Президенти мамлакат дурнамои рушди босуботи кишвар ва роҳнамои ҳаёту фаьолияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Нуктаҳои асосии паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масьалаҳои сиёсати хориҷи, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурусти, фарҳанг, илму маориф ва ҷавонон дар бар мегирад. Нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст.
Маърузачиён изҳор доштанд, ки сарвари давлат зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки бо вуҷуди ин, моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ