
Баргузории ҳамоиши ҷавонон таҳти уновни «Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон-ҳадафи барномавии ҲХДТ»
Дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши ҷавонони ноҳия таҳти уновни «Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон-ҳадафи барномавии ҲХДТ» баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, масъулини Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, донишҷӯёни донишгоҳу донишкааҳои худуди ноҳия ва фаъолон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириву роҳнамои ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷавонон тамоми шароиту имконият барои кору таҳсил, омӯзишу тадрис ва касбу ҳунар фароҳам оварда шудааст.
Зикр гардид, ки масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша дар маркази фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамзамон дар идома дигарон низ ба сухан баромада қайд карданд, ки воқеан ҳам, нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар таҳкими арзишҳои миллӣ, суннатҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳанги волои миллат, эҳтиром ба муқаддасоти миллии Ватан назаррас мебошад ва фаъолияти чашмраси онҳо дар тамоми соҳаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳо ба мушоҳида мерасад.
Дар ин замина, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён аз оилаҳои ниёзмандро бо Корти нақлиётӣ таъмин намуда, як қатор ғолибони озмунҳои даври ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявиро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Ҳамзамон бо ин, як зумра ҷавононе, ки ба сафи ҲХДТ шомил гашта буданд, шаҳодатномаҳои онҳо дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ