
БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2024 дар назди намояндагони васоити ахбори омма гузориш доданд.
Тавре зикр гардид, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.
Бо дарназардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр мусбӣ таъмин карда шуд.
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар соли 2024 ба 31,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20,4 фоизро ташкил дод.
Соҳаи саноат.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 815 корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 5,2 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 824 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 125 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 90,4 миллион сомонӣ ё 124 фоиз, саноати коркард 3,3 миллиард сомонӣ ё 113 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1,7 миллиард сомонӣ ё 134 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа 81 миллион сомонӣ ё 144 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар таъмин гардид.
Истеҳсоли нерӯи барқ.
Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2024 истеҳсоли энергияи барқ беш аз 1,7 миллиард кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 фоиз афзудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ ба миқдори беш аз 4,2 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 535 миллион кВт соат зиёд мебошад.
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ.
Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 6,2 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 1,7 миллиард сомонӣ ё 27 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 3,9 миллиард сомонӣ ё 63 фоиз ба маблағгузориҳои бахши хусусӣ ва 589 миллион сомонӣ ё 10 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд.
Нақлиёт.
Дар соли 2024 бо ҳама намудҳои нақлиёт беш аз 22 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра, бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд,
21 миллион тонна бор кашонида шуд, ки 94,2 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 фоиз зиёд мебошад.
Технология ва инноватсия.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда «RexGen», айни ҳол дар 63 минтақа ва роҳҳои автомобилгарди шаҳр 71 камераҳои назоратӣ насб гардида, фаъолияти онҳо мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Гардиши савдо.
Тибқи маълумоти пешакӣ дар соли 2024 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба беш аз 18,3 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра ба афзоиши ҳаҷми умумии гардиши савдо, ҳаҷми савдои яклухт беш аз 5,9 миллиард сомонӣ ё 19,7 фоиз ва савдои чакана ва таъмири автомобилҳо зиёда аз 12,4 миллиард сомонӣ ё 11,3 фоиз мусоидат намудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 15,8 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 15,5 фоиз зиёд мебошад.
Вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ.
Татбиқи сиёсати давлат оид ба баланд бардоштани нақши соҳибкорон дар ҷомеа, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар пойтахт ташаккул ёфта, шумораи субъектҳои хоҷагидор ба 50313 адад расид, ки нисбат ба аввали соли 2024-ум 4194 адад зиёд мебошад.
Шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ин давра 9216 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,8 фоиз) ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад 40771 нафар (110 фоиз), аз ҷумла бо шаҳодатномаи махсус (патент) 28443 нафар (112 фоиз) ва бо шаҳодатнома 11096 нафарро (106 фоиз) ташкил медиҳад.
Хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр беҳбуд бахшидани хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳо ва беҳдошти ҳолати тозагӣ ва санитарии шаҳр пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар ин давра ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани пойтахт дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» 123,7 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол гардид.
Шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ.
Аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият 43240 адад ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 11383 нафар шаҳрвандони бекор (6018 нафар занон) бо ҷойи кор таъмин карда шуд.
Соҳаи маориф.
Яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, баҳри рушди ҳамаҷонибаи он пайваста чораҳои муассир амалӣ гардида истодааст.
Дар шаҳри Душанбе 167 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ин теъдод 96 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 58 муассисаи томактабии хусусӣ ва 11 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо бо фарогирии 34298 нафар тарбият-гирандагон ва 2012 нафар мураббияҳо фаъолият намуда истодаанд.
Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 12317 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 586 нафар зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ сифати дониши хонандагон дар шаҳри Душанбе 45,8 фоиз ва дараҷаи азхудкунӣ 99,2 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 0,7 фоиз ва 1,4 фоиз афзудааст.
Соҳаи тандурустӣ.
Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, яке аз вазифаҳои асосии Мақомот ба ҳисоб меравад.
Дар сохтори тандурустии пойтахт айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд. Дар 16 муассисаи табобатӣ 2779 кати муолиҷавӣ ва дар 2 маркази дастгирии оила ва кӯдак 200 кат ташкил карда шудааст, ки дар онҳо наврасону кӯдакони бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманди то синни 7 сола бистарӣ мешаванд. Аз ин шумора 919 катҳои терапевтӣ, 614 катҳои ҷарроҳӣ, 505 катҳои акушер-гинекологӣ ва 741 катҳои педиатрӣ мебошанд.
Баҳри беҳтар намудани ҳолати санитарию эпидемиологии муассисаҳои тандурустии пойтахт, хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, таъмир ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизотҳои муосири нав дар ин давра аз ҳисоби ҳамагуна сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 40 миллион сомонӣ равона карда шуд.
Соҳаи фарҳанг.
Яке аз бахшҳои муҳими иҷтимоӣ дар фаъолияти Мақомот соҳаи фарҳанг ба ҳисоб рафта, масъулини соҳа баҳри дар сатҳи муносиб баргузор намудани иду ҷашнҳо чораҳо андешида, доир ба рушди соҳаи мазкур як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуданд.
Айни замон, дар тобеияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 24 муассисаи фарҳангию фароғатӣ (бо дарназардошти 12 адад шуъбаҳои китобхонаи ба номи А. Лоҳутӣ) фаъолият менамоянд.
Зан ва оила.
Баҳри баланд бардоштани рисолати худшиносии занон, нақши онҳо дар таҳкими оила, пешгирии шиддати пошхӯрии оила, тамоюли афзоиши бегонапарастӣ дар байни бонувон, мусоидат ба таҳсил ва ҷойи кор дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ силсила тадбирҳо амалӣ карда шуд.
Дар шаҳри Душанбе аз шумораи умумии аҳолӣ 613,3 ҳазор нафарро бонувон, аз ин 204,4 ҳазор нафарро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд.
Ҷавонон ва варзиш.
Дар робита ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар ин давра як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.
Бо ин мақсад дар пойтахт дар давраи ҳисоботӣ баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҷмӯъ 3655 чорабинӣ бо фарогирии 1,1 миллион нафар гузаронида шуд.
Дар 10 муассисаи давлатии «Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ» 213 нафар мураббиёни дорои дараҷа ва унвонҳои фахрию варзишии баландихтисос ба 5786 нафар варзишгарон дар 309 гурӯҳ машқу тамринҳоро ба роҳ монданд.
Сайёҳӣ.
Яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Соли сипаришуда беш аз 1,2 миллион нафар сайёҳ тариқи тамоми гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардиданд, ки аз ин шумора зиёда аз 771 ҳазор нафар ё 65 фоизи онҳо аз маконҳои таърихию сайёҳии пойтахт дидан намуданд.
Кишоварзӣ.
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе 785 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ бо фарогирии 1942 гектар заминҳои кишоварзӣ фаъолият менамоянд, ки теъдоди асосии онро хоҷагиҳои деҳқонии оилавӣ ва инфиродӣ ташкил менамоянд.
Бо мақсади самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ ва руёнидани 3-4 ҳосил аз заминҳои корами обӣ бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ парвариши зироатҳо ба роҳ монда шуда, то инҷониб дар майдони 1658 гектар кишти асосӣ ва 1447 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки иҷрои корҳо нисбат ба нақшаи пешбинишуда барзиёд таъмин гардидааст.
Вазъи ҷинояткорӣ.
Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон медиҳад, ки новобаста аз кам гардидани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда ба беш аз 4,5 ҳазор адад расид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ, чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба пурсишу суолҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2024 ва нақшаҳои шаҳрдорӣ барои давраи минбаъда посух гуфтанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ