
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе доир гардид
Ҳамасола дар пойтахт маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои соҳаи кор бо ҷавонон ташкилу роҳандозӣ мегардад. Ин чорабинӣ имсол дар Кохи Парфенон дар сатҳи баланди ташкилӣ созмон дода шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ташкилотҳои ҳамкор, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, мураббиён ва варзишгарони муасисаҳои варзишӣ, федератсияҳои варзишӣ, фаъолҷавонони касбу кори гуногун, волонтёнон, блогерон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим зимни суханронии худ афзуд, ки имрӯз ҷавонони мо дар корхонаҳои бузурги саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоии мамлакат содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ба хотири ободии Ватан иншооти гуногуни истеҳсоливу хизматрасонӣ бунёд менамоянд. Дастоварди варзишгарони мамлакат низ назаррас буда, бо иштирок дар чорабиниҳои дохиливу байналмилалӣ сарбаландона Парчам ва обурӯи мамлакатамонро баланд мебардоранд.
Дар идома Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр дошт, ки ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд. Насли ҷавони мамлакатамон бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба суннатҳои писандидаи гузаштаи халқамон, яъне ба таърих ва фарҳанги миллиамон арҷ мегузорад.
Дар идомаи чорабинӣ маросими қадрдонии иштирокдорони чорабинӣ сурат гирифт. Нахуст туҳфаҳои хотиравӣ ба беҳтаринҳои соҳаи варзиш тақдим гардид. Ҷойи таъкид аст, ки варзишгарони мо ҳоло дар ҳама намудҳои он дар чорабиниҳои варзишӣ ширкат намуда, Парчами кишварро парафшон менамоянд. Ҳамзамон дар раванди ҳамоиш сипосномаҳо ба ташкилотҳои ҳамкор дар соҳаи варзиш тақдим карда шуд.
Инчунин сипосномаҳо ба ташкилотҳои ҳамкор дар соҳаи ҷавонон тақдим карда шуд. Ҷойи таъкид аст, ки ҷавонони бонангу номус ва далеру ғаюри мо ҳамчун сипари боътимоди давлатдории миллиамон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмин намудани суботу оромии ҷомеа қарзи ватандӯстонаи хешро адо менамоянд.
Дар охир баҳри болидарӯҳии сокинон чорабинии консертӣ пешкаши ҳамагон карда шуд, ки ба ҳамагон писанд омад.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ