image

Тақвияти ҳамкориҳои Лигаи футболи Тоҷикистон бо сарпарастон

date_range11.02.2025, 11:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye908

Дар меҳмонхонаи «Ҳаят Риҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ барои идомаи ҳамкориҳо миёни Лигаи футболи Тоҷикистон бо ширкати “Париматч Тоҷикистон” баргузор гардид.

Лигаи футболи Тоҷикистон бо ширкати «Париматч Тоҷикистон» тайи чанд сол аст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро ҷиҳати рушди футболи клубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Соҳибкори ватанӣ Абдусаттор Ҳасонов роҳбари ширкати «Париматч Тоҷикистон» дар пайравӣ аз ташаббус ва дастурҳои Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасмим гирифтааст, ки сарпарастии кулли бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якумро дар соли 2025 идома диҳад.

Ҳадаф аз идомаи ҳамкориҳо саҳмгузорӣ дар рушди футболи клубӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ёдовар мешавем, ки 3 феврали соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, раисони шаҳру ноҳияҳо, инчунин аҳли ҷомеаи футболи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки зимни он аз тамоми чеҳраҳои футболи мамлакат, масъулин ва соҳибкорон даъват ба амал оварда шуда, ки барои рушди футбол дар Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ дода, бобати тарбияи футболбозони асил ва дастгирии онҳо камари ҳиммат банданд.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"