image

Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанг доир шуд

date_range11.02.2025, 11:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye761

10 феврал дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб баргузор гардид. Ин субҳ даромадгоҳи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фазои идона дошт. Зеро он ба базмгоҳи ҳақиқии китоб табдил ёфт.

Намоиш-фурӯши китоб аз соати 10:00 оғоз гардид. Дар ибтидо масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони муассисаҳои дахлдор доир ба аҳмият ва муҳимми ин тадбири маърифатӣ изҳори назар карданд. Гуфта шуд, ки ин иқдом бо мақсади дастрасии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ба китобҳои тозанашр ва аълосифат ташкилу роҳандозӣ шудааст. Аз ин ҷост, ки дар ҷараёни он намояндагони касбу кори гуногун фаъолона ширкат намуданд. Ҷойи таъкид аст, ки дар ҷараёни намоиш-фурӯши китоб ноширони ватанӣ китобҳои бадеӣ, илмӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеиро бо сифати баланд пешниҳоди харидорон намуданд. Ин намоиш-фурӯши китоб барои дастрасӣ ба китобҳои тозанашр беҳтарин имконият арзёбӣ гардид.

Ташкили чунин тадбир барои омодагии бештари сокинони касбу кори мамлакат ба озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» мусоидати фаъол менамояд. Зеро адабиёти зарурӣ дар он ба хонандагон пешниҳод карда шуд. Дар миёни кормандони дигар бахшу соҳаҳо, роҳбарият ва кормандони ВКД ҶТ низ дар ҷараёни ин тадбир фаъолона иштирок намуданд.

Ҷойи таъкид аст, ки чун анъана дар ин намоиш-фурӯш як зумра шоирону нависандагони маъруфи тоҷик  иштирок намуда,  ба   китобҳои харидаи  иштирокдорон  соядаст  гузоштанд. Дар ин барномаи фарҳангӣ донишҷӯёну омӯзгорон  бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик суҳбат намуда,  бо   онҳо аз наздик шинос гардиданд. Муассисаи нашриявии «Адиб» низ яке муассисахои фаъоли соҳа дар ин тадбири маърифатӣ китобҳои тозанашри худро пешниҳод намуд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"