
Мулоқоти навбатии аъзои гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳия И.Сомонӣ баргузор шуд
Шурӯъ аз 30-уми январи соли равон бо мақсади шарҳу тавзеҳ ва фаҳмонидани моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ҳудуди шаҳри Душанбе вохӯрии аъзои гурӯҳи корӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ бо кормандону мутахассисони қишри гуногуни ҷомеа, аз ҷумла кормандони мақомоти давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин замина бо иштироки аъзои гурӯҳи корӣ бо сокинони маҳаллаҳои Фирӯз, Фирдавсӣ, Гулистон, Заргар ва Умари Хайёми ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқот баргузор карда шуд.
Дар ҷараёни ҷамъомад намояндагон вобаста ба Паёми ироагардидаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дошта, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҳамасола зиёд карда мешавад.
Дар идомаи баромадҳо гуфта шуд, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдоми навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсози мардуми мамлакат маҳсуб мешавад.
Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ