
Вохӯрии гурӯҳи кории МИҲД шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи савдо иқтисод ва молия
Дар доираи нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти навбатии аъзои гурӯҳи корӣ бо кормандони соҳаи савдо, иқтисод ва молияи пойтахт баргузор гардид. Чорабинӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ташкил шуд.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, роҳбарияти ноҳияи Сино, намояндагони сохторҳо ва соҳибкорони шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Масъулин зимни баромади худ изҳор доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 ироа гардид, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат барои фароҳам овардани рушди устувор дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат нақши меҳварӣ доша, дар он ободиву оромӣ, сулҳу осоиштагӣ ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат инъикос меёбад.
Ҳамзамон зимни шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём гуфта шуд, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.
Дар идома роҳбарияти ноҳияи Сино оид ба дастгирии соҳибкорон, гузаштан ба низоми ғайринақдӣ, одоби шаҳрнишинӣ, ҷалби соҳибкорон ба корҳои созандагӣ ва дигар масълаҳои муҳим суханронӣ намуд.
Дар мулоқот зикр шуд, ки «Тибқи Қонуни мазкур ҳамаи намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз манъ шудааст. Мораторий бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ равона мешавад».
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ