image

Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат бо сокинону истиқмотакунандагони ноҳияи Шоҳмансур

date_range13.02.2025, 10:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye850

Дар идомаи суҳбату мулоқотҳои роҳбарияти мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва зеосохторҳои он, ки ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба маҷлиси олии кишвар аз санаи 28-уми декабри соли 2024 ироа гардида буд, ин навбат ҳозирин дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳия чунин мулоқотро роҳандозӣ намуданд.

Дар мулоқоти навбатии ҳайати гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовини Раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмуҳаммадзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҳамзамон як қатор сардорони раёсату кумитаҳои шаҳри, ки аъзо гурӯҳ мебошанд ширкат варзида бобати муҳимияти Паёми сарвари давлат ба сокинону истиқмотакунандагони ноҳия сухан карданд.

Зимни маърӯза қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат  ҳадафҳои воқеии иҷтимоӣ, вазифаҳои нави стратегӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фаро гирифта, барои ноил шудан ва татбиқи онҳо аз масъулин кори касбӣ ва масъулиятнокро тақозо мекунад. Инчунин қайд намуданд, ки зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Пешвои миллат иброз намуданд, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмин гардидани нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуданд.

Инчунин дигар иштирокдорон низ дар идомаи мулоқот ба сухан баромада  роҷеъ ба амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, соҳаи маориф, зан ва ҷомеа, танзими анъана ҷашну маросим аз ҷумла оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли, ҳифзи оромӣ ва осудагии кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар таҳрири нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул шудааст ба иштирокдорон маърӯза карданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"