
Мулоқоти гурӯҳи таблиғотии МИҲД шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи кишоварзии ноҳияи Шоҳмансур доир шуд
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дастовардҳои 33-соли соҳибистиқлолӣ мулоқоти гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи кишоварзии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир шуд.
Дар вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ бо кишварзони ноҳияи Шоҳмансур намояндагони Раёсати кишоварзӣ, Раёсати кор бо занон ва оила, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва вакили Маҷлиси ваикилони халқи шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Тавре, ки гуфта шуд, Паёми Президенти мамлакат дурнамои рушди босуботи кишвар ва роҳнамои ҳаёту фаьолияти хар як фарди ҷомеа мебошад. Нуктаҳои асосии паёмҳои солонаи сарвари далват масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф ва ҷавонон дар бар мегирад.
Гуфта шуд, ки тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар мусоидат карда истодаанд. Нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 39 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст, яъне дар панҷ сол 1,9 баробар афзудааст.
Маърузачиён изҳор доштанд, ки сарвари давлат зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки бо вуҷуди ин, моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ