
Баргузории конфронси ҷумҳуриявии илмию амалии "Интихобот ҳамчун арзиши демократӣ дар низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
“Интихобот ҳамчун арзиши демократӣ дар низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таҳти ин унвон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нотиқон, ки иборат аз намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ буданд, дар ифтитоҳи ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ амалӣ иброз доштанд, ки “интихоботи озоду шаффоф яке аз василаҳои асосии татбиқи принсипи конститутсионӣ дар бораи моҳияти демократӣ доштани давлати Тоҷикистон мебошад”.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш нақш ва ҷойгоҳи интихобот дар низоми сиёсии кишвар, таҳлилу натиҷагирӣ аз вазъи маърифати сиёсии шаҳрвандон вобаста ба интихобот, таҳлилу арзёбии арзишҳо ва дастовардҳои интихоботҳои доиргардида дар солҳои соҳибистиқлолӣ, зарурати пайгирии мунтазами равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ҷодаи баргузор намудани интихобот ва дигар масоили марбут арзёбӣ шуд.
Зимни баргузории конфронс масъалаҳои “Интихобот ҳамчун унсури муҳимми ташаккул ва рушди низоми сиёсии ҷомеа”, “Раванди иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон дар интихоботи парлумонӣ”, “Мақом ва нақши ҳуқуқи интихоботӣ дар раванди маъракаҳои интихоботӣ”, “Ташаккули фарҳанги интихобот ва таъсири он ба низоми амнияти миллӣ”, “Ҳолат ва дурнамои рушди институти интихоботӣ дар Ҷумҳурии Точикистон” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ