image

Ташрифи роҳбарияти МИҲД ноҳияи Сино ба аёдати сарбозону афсарони қисми 08010 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range13.02.2025, 11:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye212

 Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои соҳавии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои пойтахт ба аёдати сарбозону афсарони қисми 08010 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино зимни баромади худ ҳамаи сарбозону афсарони шуҷои Ватанро ба муносибати 32-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуданд.

Дар раванди ҳамоиш бо иқтибос аз суханҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу суббот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор карданд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем.

Масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зимни баромади худ қайд намуданд, ки имрӯзҳо ҳукумати мамлакат дар доираи сиёсати пешгирифтаи хеш шароити буду бош дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро дар сатҳи баланд баровардааст, ки сарбозону афсарон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пайи ҳифзи оромӣ суботу амнияти кишвар адои хизмат намуда истодаанд.

Дар рафти аёдат масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ва ноҳияи Сино бо сарбозону афсарон мулоқот намуда, таъкид доштанд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳимоятгари асили ин марзу бум фаъолияти назаррас дорад ва ҷавонони далеру шуҷои Ватан сарбаландона дар сафи он хизмат намуда истодаанд.

Дар идома бо ҷалби санъаткорони ноҳияи Сино барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид, ки писандаи сарбозони далеру шуҷои Ватан шуд ва зери суруду таронаҳо онҳо хушиву шодмонӣ карданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"