ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНИЮ САБЗКОРӢ ПОЙТАХТ
Дар доираи тадбиқи сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси МИҲД ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби кормандони РИР-ҳои ноҳия дар кӯчаи Мирзо Турсунзода дарахтони ҳамешасабзи магнолия шинонида шуданд. Ҷойи таъкид аст, ки намуди дарахтон нодир буда, аз хориҷи кишвар ворид гардидаанд.Ёдовар мешавем, ки ин иқдом пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе буда, дар дигар кӯчаҳои марказии ноҳияи Шоҳмансур шинонидани дарахтони ҳамешасабзи магнолияро идома медиҳанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ибтикороти нав ба нав баҳри ободонии кӯчаву хиёбон ва шаҳраку маҳаллаҳо дар пойтахти мамлакат-шаҳри Дущанбе бо нерӯи тоза ва азми қавӣ идома дорад.
Ҷойи таъкид аст, ки дар таърихи инсоният тоҷикон ҳамчун миллати шаҳрсоз, тамаддунофар ва фарҳангпарвар ном баровардаанд. Чунин ташаббусҳои наҷибона аз дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат сарчашма гирифта, ҳамасола баҳри беҳдошту ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ бо иштироки доираи васеи шаҳрвандон дар мавсими ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ миллионҳо бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуда, сарсабзию зебоӣ ва хуррамгардонии мамлакатро таъмин менамоянд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ