
Саёҳати сарбозон ба мавзеъҳои сайёҳии пойтахт
Бахшида ба рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Қӯшунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилӣ саёҳат ба мавзеъҳои сайёҳии пойтахт ташкил карда шуд.
Саёҳат барои сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду тавсеаи сайёҳии дохилӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сарбозон ва дар ин замина шиносоӣ бо зарфиятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил гардид.
Саёҳат дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар он зиёда аз 150 нафар сарбозон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Роҳбаладон нахуст ба сарбозон дар бораи муҷассамаи Асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ маълумот доданд. Дар идома саёҳат тавассути автобусҳои 2-қабата то Майдони Истиқлол идома ёфта, дар он ҷо сарбозон аз Осорхонаи таърихии Душанбе дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ифтитоҳ гардида, дар ошёнаи дуюми он Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст. Осорхона аз галерея ва «Тахти тоҷикон» иборат мебошад. Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудаанд.
Таваҷҷуҳи сарбозонро дар Осорхона тахти Шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки дар як гӯшаи алоҳида ҷойгир аст, ҷалб намуд. Тахти Исмоили Сомонӣ бо тамоми унсурҳои таърихӣ ва ороиши деворнигораҳои таърихӣ аз Афросиёб, Варахша, Панҷакенти Қадим ва Бунҷикат, ки ҳунармандони тоҷик онҳоро аз санг барқарор намудаанд, гузошта шудааст.
Сарбозон инчунин зимни тамошои толорҳои Осорхона бо ёдгориҳои нодири таърихии ниёгон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат аз наздик шинос шуданд.
Лозим ба ёдоварист,ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои душвори фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои ифродгарои ва ҷиноятҳои трансмиллӣ, хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнатнорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона нақши бориз дорад. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият намоему дар обод гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Пас аз тамошои Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе саёҳати сарбозон дар Боғи Ирам идома ёфт. Дар ин ҷо бо мақсади баланд бардоштани руҳияи сарбозон чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ташкил карда шуд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Олилзода Дилбар доир ба роҳи тай намудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонфидоиҳои фарзандони фарзонаи миллат андешаронӣ намуд. Таъкид шуд, ки ҳоло дар кишвари мо Қувваҳои мусаллаҳ ба нерӯи тавоно ва муҳофизатгари асосии ин марзу бум табдил ёфтааст ва дар сафҳои он ҷавонони шуҷо ва далер мардонавор хизмат менамоянд. Аз ин рӯ ба хотири арзи эҳтиром ба хизмати онҳо чунин тадбирҳо ташкилу роҳандозӣ карда мешавад. Дар идома ҳамзамон саёҳати масъулин ва сарбозон дар Боғи Ирам сурат гирифт. Зеро ин боғ яке аз мавзеҳои зебо ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.
Барномаи рангини консертӣ идомабахши чорабинии навбатӣ гардид, ки дар он зери суруд мусиқӣ сарбозон то дергоҳ хушиву шодмонӣ карданд. Ҳамингуна саёҳати сарбозон ба мавзеъҳои сайёҳии пойтахт ҷолибу хотирмон сурат гирифт.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ