
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 11 март то 14 март барои сокинону фаъолони пойтахт, кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе тамошои толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Рӯзи 12 март аъзо ва кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба тамошои ин толор рафтанд ва ба онҳо аз ҷониби роҳбаладон доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу пиряхҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Ба иштирокдорон маълумот дода шуд, ки дар қисмати рост ва чапи девори толор бузургтарин пиряхи ҷаҳон - Ванҷях инъикос ёфтааст, ки дар нишебии шарқии қаторкӯҳи Академияи илмҳо дар Помир ҷой гирифтааст. Ин пирях аз пайвастани қаторкӯҳи Академияи илмҳо бо силсилакӯҳи Язгулом дар мавзеи қуллаи Инқилоб (6974 м.) ташкил шудааст. Пиряхи Ванҷях на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхи даракӯҳӣ ба шумор рафта, дар китоби «Рекордҳои замин» дохил шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маркази девори толор қисмате мушоҳида мешавад, ки ин марбут ба Антарктида мебошад. Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2008 – 2009 аввалин экспедитсияи Антарктикии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки тавассути он дар Антарктида аз ҷониби профессор Абдулҳамид Қаюмов Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд. Ин амал собитгари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахши пиряхҳо ва ҳифзи онҳо мебошад.
Бо тамошои толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ҳар тамошобин бо манбаъҳои обӣ ва пиряхҳо шинос гардид.
Ёдовар мешавем, ки мақсади асосии тамошои гурӯҳии толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ҷонибдорӣ ба иқдоми байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дар ин замина рушди сайёҳии дохилӣ ба ҳисоб меравад.
Сокинону фаъолони пойтахт, кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе дар доираи ин ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе метавонанд толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистонро то 14 март тамошо намоянд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ