
БАРГУЗОРИИ НАМОИШИ АКСҲОИ ДУШАНБЕ БАХШИДА БА РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСОН - ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ш.Душанбе. 16.04.2025. Имрӯз бахшида ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии "Майдони Истиқлол" намоиши аксҳои Душанбе доир гардид.
Дар ҷамъомад муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода, намояндагони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияи пойтахт, намояндагони раёсату бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст, Дилбар Одилзода - муовини раиси шаҳри Душанбе баромад намуда, изҳор дошт, ки шаҳри Душанбе маҳз дар солҳои Истиқлоли кишвар ба яке аз шаҳрҳои дорои аҳамияти саёёҳидошта мубаддал гардид. "Маҳз бо ташаббус ва ибтикори беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва заҳмату меҳнати шабонарӯзии халқи сарбалани тоҷик имрӯз пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ба яке аз маконҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо саҳми бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имрӯз пойтахти азизамон дар тамоми ҷанбаҳои фаъолияти иҷтимоӣ - иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиббӣ, сайёҳӣ ва ғайра рушд карда, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун шаҳри дилоро шинохта шудааст. Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳозирин ва тамоми сокинони шаҳрро бахшида ба Рӯзи пойтахти азизамон табрику таҳният мегӯям. Бигзор пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе садсолаҳои дигар арзи ҳастӣ кунаду аз ин ҳам дида зеботару ободтар гардад", - ироа намуд зимни суханронии худ Одилзода Дилбар.
Сипас, Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суханронӣ баромада, қайд кард, ки ин ҳама рушду пешравӣ ба туфайли Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳи сартосарӣ, суботу амният ҳамчун пойдевор ва заминаи ҳамаи пешрафту комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои мухталифи шаҳрдорӣ рӯйи кор омада, умеди мардумро ба ояндаи дурахшони давлати соҳибистиқлол беш аз пеш афзун менамояд.
Воқеан, пойтахт муаррифгари давлату миллат буда, барои бегазанду беолоиш нигоҳ доштан ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста шинос кардани он кормандони ниҳодҳои давлативу ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини ватандӯсти мамлакат вазифадору масъул мебошад.
Баъди чорабинии расмӣ, меҳмонон ва аҳли толор аз намоиши аксҳои пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.
Чорабинии мазкур бо ташкили пресс-тур оид ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе бо ҷалби намояндагони васоити ахбори омма, аъзои Иттифоқи журналитони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Иттифоқи аксбардони Тоҷикистон доир гардида, иштирокчиён аз мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе дидан менамоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҷиҳати инъикос ва муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангии пойтахт, барои намояндагони васоити ахбори омма хатсайри сайёҳӣ ташкил шудааст.
Ҳамин тариқ, дар назар аст, ки чорабинии мазкур аз имрӯз - 16-ум то 19 апрел идома ёбад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ