image

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

date_range28.04.2025, 12:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye79

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф, дар робита ба таркиш дар бандари Шаҳид Раҷоии шаҳри Бандар Аббос барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд:

Муҳтарам Ҷаноби Раис,

Хабари таркиши сахтро дар бандари Шаҳид Раҷоии шаҳри Бандар Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси талафоти инсонӣ гардид, бо андӯҳи зиёд дарёфтем.

Бо изҳори ҳамдардӣ ба Шумо ва тамоми наздикону пайвандони қурбониён тасаллияти амиқи худро баён намуда, ба ҳамаи маҷруҳон шифои оҷил хоҳонем.

Бо эҳтиром,            

Рустам Эмомалӣ