
Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин
Нимаи дуюми рӯзи 28 май дар ҳошияи сафари расмӣ дар Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.
Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ паёми гарм ва таманниёти самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин расониданд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия баррасӣ карда шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки равобити байнипарламентии ду кишвар пайваста ба сатҳи сифатан роҳандозӣ мегарданд.
Тамоили мусбати ҳамкории мутақобилаи ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, ҳарбӣ, ки дар натиҷаи муколамаи сиёсии мунтазам ва эътимодбахш дар сатҳи олӣ ба даст омадааст, таъкид карда шуд.
Дар ин робита, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бори дигар натиҷаҳои бобарори сафари расмии ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Россия ёдовар шуда, барои дастгириву таваҷҷуҳ дар амалӣ гардидани ду лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе — бинои театри давлатии русии ба номи Маяковский ва Маркази кӯдакони болаёқати «Сириус» ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин изҳори сипос намуданд.
Бо зикри зарфиятҳои бузурги истифоданашуда, тавсеаи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҷиҳати тақвият додани робитаҳои минбаъдаи ду кишвар дар ҳама бахшҳои ҳамкорӣ салоҳ дониста шуд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла ҳамкории фаъол дар соҳаи маориф, омӯзиши забон ва тарғиби фарҳанги русӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва равона сохтани талошҳо барои ҳалли ҷанбаҳои ҳалталаби ин соҳа аз мавзӯъҳои дигари суҳбати ҷонибҳо буд.
Вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла атрофи вазъияти ноустувор дар Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ